Феврал 18, 2018 10:44 Asia/Dushanbe
  • Боздошти аъзои як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ дар Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти 7 узви як гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ, ки муттаҳам ба қатлу куштор, дӯздии молу мулки шаҳрвандон бо истифода аз силоҳ мебошад, хабар дод.

Ба гузориши сойти “Ахбор”, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо пахши филми мустанаде бо унвони “Пайравони Аҳриман”, таъкид кардааст, ки ахиран ин афрод, ки чанд сол таҳти пайгард буданд дар роҳи Душанбе - Қӯрғонтеппа боздошт шудаанд.

Дар ин филм таъкид шудааст, ки 2 нафар аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноӣ қаблан ба далели иртикоби ҷиноёти сангин дар Русия маҳкум ба зиндон шудаанд, ки пас аз озодӣ ва истирдод ба Тоҷикистон, иқдом ба дӯздии амволи мардум ва куштори теъдоде аз шаҳрвандон кардаанд. Онон ба иттиҳоми хеш дар ҳамла ба хонаҳои истиқоматии сокинони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Восеъ, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров ва шиканҷаву куштори сокинон ва дӯздии амволи ин афрод, эътироф кардаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин мустанад таъкид кардааст, ки аъзои ин гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ, аз қабл бо шиносоии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, умдатан шабона ба хонаҳои қурбониёни хеш ҳамла карда ва бо истифода аз аслиҳа даст ба шиканҷаи ин афрод зада ва иқидом ба дӯздии пулҳо ва амволи онон мекарданд.