Август 27, 2016 09:42 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон то ду соли оянда узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё намешавад

Расонаҳои хабарии Русия бо такя ба манобеи худ дар ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон эълом карданд, ки ба эҳтимоли зиёд Душанбе то ду соли оянда узви иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нахоҳад шуд.

Ба гузориш "СА-нюс", расонаҳои Русия ба нақл аз манобее дар ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон эълом карданд, ки иллати аслии худдории ин кишвар аз пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё мулоҳизот дар мавриди коҳиши истиқлоли ин ҷумҳурӣ ва ҷилавгирӣ аз таниши эҳтимолӣ дар равобити Душанбе бо Вашингтон ва Пекин аст.

Бо ин ҳол, ин манбаи огоҳ таъкид кард, ки тасмими ниҳоӣ дар заминаи узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳад гирифт.

Баҳсҳо перомуни мавзӯи пайвастани Тоҷикистон ба ин ниҳоди ҳамгироии минтақаӣ замоне боло гирифт, ки теъдоде аз шахсиятҳои сиёсӣ ва порлумонии Русия қаблан ибрози умедворӣ карда буданд, ки Тоҷикистон то поёни имсол барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дархости расмии худро ироа диҳад.

Аз сӯи дигар, Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик муътақид аст, ки пайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳодия заминаи ҳаракати озодонаи шаҳрвандони тоҷикистонии ҷӯёи кор дар қаламрави Русия, Беларус ва Қазоқистонро бидуни дарёфти муҷаввизи кор ва иқомат ва пардохти ҳазинаҳои калон фароҳам хоҳад кард.

Ҳамакнун атбои Арманистон ва Қирғизистон- ду узви ҷадиди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз ин имтиёзот бархурдор шудаанд.