Феврал 19, 2018 11:06 Asia/Dushanbe
  • Касрии маоши муаллимон дар Тоҷикистон дар замони таътили мактабҳо

Касрии маош ва дастмузди муаллимони мактабҳои миёнаи Тоҷикистон дар як моҳи таътилии ин марокизи омӯзишӣ боиси эътирози онон шудааст.

Ба гузориши сайти “Ахбори Осиёи Марказӣ”, теъдоде аз муаллимони мактабҳои Тоҷикистон гуфтаанд, ки мизони касрии маоши онон дар моҳи январи имсол байни 100 то 300 сомонӣ буда, ки ба далели пойин будани мизони дастмуздҳои омӯзгорон дар ин кишвар маблағи зиёде ба ҳисоб меояд.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, мизони маоши моҳонаи муаллими дараҷаи боло бо таҳсилоти донишгоҳӣ дар ин кишвар бо 18 соат тадрис дар ҳафта 779 сомонӣ (муодили 88 доллар) мешавад.

Аммо ба ин маблағ 30 дарсад барои мудирияти синф ва тафтиши машқҳои донишомӯзонро бояд изофа кард, ки дар маҷмуъ як ҳазору 51 сомонӣ (муодили 119 доллар) мебошад.

Бар асоси ин гузориш, муаллимоне, ки собиқаи кории камтаре дошта бошанд, байни 700 то 800 сомонӣ дар як моҳ маош мегиранд.

Хонум Фирӯза Ғаниева, яке аз масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтааст, ки дар моҳи январ ба далели сардии ҳаво мактабҳои ин кишвар таътил буд ва ба ҳамин далел ба онон ҳаққи мудирияти синф ва тафтиши машқҳои донишомӯзон пардохт намешавад.

Аз сӯйи дигар, дар ҳоли ҳозир дар мактабҳои Тоҷикистон камбуди чаҳор ҳазор муаллим эҳсос мешавад, ки ба риштаҳои улуми таҷрибӣ, фановариҳои ҷадиди иттилоърасонӣ ва забонҳои хориҷӣ бармегардад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулони Вазорати маориф ва илми ин кишвар дастур додааст, ки то соли 2020 камбуди муаллим дар мактабҳоро бартараф кунанд.