Феврал 19, 2018 13:52 Asia/Dushanbe
  • Саҳми давлати Тоҷикистон дар “Зарафшон” афзуд

Саҳми давлати Тоҷикистон дар корхонаи муштараки тиллои мавсум ба “Зарафшон” панҷ дарсад афзоиш ёфт ва ба 30 дарсад расид.

Ба гузориши “Азия плюс”, ширкати байналмилалии истихроҷи маъдани чинии “Zi Jin Mining Group Co. LTD” панҷ дарсад аз саҳми худро аз корхонаи муштараки тоҷикистонӣ ва чинии “Зарафшон” ба қимати як доллари намодин (рамзӣ) ба давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мефурӯшад ва пешнависи тавофуқномаи марбута миёни ду тараф бо қатъномаи давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар авоили моҳи феврали имсол таъйид шудааст.

Тибқи ин қатънома, ба раиси Кумитаи умури сармоягузорӣ ва мудирияти амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода мешавад, ин тавофуқномаро аз тарафи давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намояд.

 Пас аз имзои ин санад, саҳми давлати Тоҷикистон дар сармояи ширкати муштараки тоҷикистонӣ ва чинии “Зарафшон” 30 дарсад, муодили ҳафт миллиону 274 ҳазору 724 доллар ва саҳми ширкати чинӣ 70 дарсад, муодили 16 миллиону 974 ҳазору 364 доллар хоҳад буд.

То кунун 75 дарсад аз саҳми “Зарафшон” мутааллиқ ба ширкати чинӣ ва 25 дарсади боқимонда дар ихтиёри давлати Ҷумҳури Тоҷикистон буд.

Ширкати муштараки тоҷикистонӣ ва чинии “Зарафшон” бузургтарин корхонаи истихроҷи тилло дар Тоҷикистон аст, ки беш аз 70 дарсад аз кулли тиллои тавлидии ин кишвар саҳми ин ширкат аст.