Феврал 19, 2018 14:21 Asia/Dushanbe
  • Боз ҳам афзоиши теъдоди масмумон аз орди олуда дар Бадахшон

Масрафи орди олуда ба гиёҳи заҳрогини гелиотроп дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон ҳамчунон шаҳрвандонро ба бемористонҳо мекашонад.

Ба гузориши сайти “ТОП ТҶ”, як мақоми тандурустӣ дар вилояти Бадахшон гуфтааст, ки акнун теъдоди афроди масмум аз масрафи орди олуда ба гиёҳи заҳрогини гелиотроп дар ноҳияи Ишкошим ба 44 нафар расидааст, ки 16 тан аз онон кӯдакон мебошанд.

Қаблан мақомоти вилояти Бадахшон теъдоди афроди бистаришударо 39 нафар эълом карда ва гуфта буданд, ки як писари 11 сола ҷони худро аз даст додааст.

Бо ин ҳол, пизишкон умедвор ҳастанд, ки афроди бистаришуда дар бемористони шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон шифо ёфта ва саломати худро ба даст оваранд.

Акнун гурӯҳе аз мутахассисони Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон ба дармони беморон машғул ҳастанд ва аз мардум низ хоста шудааст, ки аз масрафи орди олуда ба гиёҳи заҳрогини гелиотроп, ки аз ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб ворид шуда, худдорӣ кунанд.

Мақомоти вилояти Бадахшон далели паҳншавии бемории варами ҷигарро дар ин вилоят масрафи гандуми олудае медонанд, ки яке аз тоҷирони маҳаллӣ аз ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб ба ноҳияи Ишкошим ворид кардааст.

Комиссияи вижаи пизишкӣ эълом кардааст, ки имкон дорад алоими бемории варами ҷигар дар теъдоди дигаре аз сокинони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон, ки дар моҳҳои январ ва феврали имсол аз ин орд масраф карда бошанд, ду моҳи баъд буруз кунад.

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ алоими ин беморӣ мушоҳида нашудааст.

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли 1992 низ бемории мушобеҳе дар ҷануби кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Фархор мушоҳида шуда буд, ки дар пайи варами ҷигар ҳашт ҳазор нафар аз сокинони ин минтақа, беш аз 500 тан аз ин афрод ҷони худро аз даст додаанд.