Боздошти “Кобра”-и Тоҷикистон + видео
Сокини 21 солаи шаҳри Душанбе, муттаҳам ба даст доштан дар як маҷмӯаи дуздӣ, боздошт шудааст.
Дафтари матбуоти раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар робита бо ин парванда навиштааст: дар бозрасиҳо мушаххас шуд, ки Умарҷон Муҳаммадиев шабона шишаи худравҳои шахсии шаҳрвандонро бо печгӯштӣ (атвёрка) шикаста, пул, телефони ҳамроҳ ва ашёи гаронбаҳои мошинҳоро ба сирқат мебурдааст.
Гуфта мешавад, ки вай охирин бор авоили моҳи феврал аз дохили як мошин пул, телефони ҳамроҳ ва чанд ашёи гаронбаҳоро ба сирқат бурдааст.
Дафтари матбуоти раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон таъкид кардааст, Умарҷон Муҳаммадиев, ки дар олами ҷиноӣ ба лақаби “Кобра” маъруф аст, дар содир кардани беш аз 30 лаҳзаи ҷурм муттаҳам гардида ва ба шаҳрвандон беш аз 50 ҳазор сомонӣ хисорат задааст.