Сафари Раҳмон ба Қазоқистон, меҳвари гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳури ду кишвар
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i30209-Сафари_Раҳмон_ба_Қазоқистон_меҳвари_гуфтугӯи_телефонии_раисони_ҷумҳури_ду_кишвар
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 19, 2018 15:03 Asia/Dushanbe
  • Сафари Раҳмон ба Қазоқистон, меҳвари гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳури ду кишвар

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Ба иттилои Форс, раҳбарони Тоҷикистон ва Қазоқистон Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев дар гуфтугӯи телефонӣ ҷарёни омодагирии ҷонибҳо ба сафари дарпешистодаи расмии Раисҷумҳури Тоҷикистон дар 14 март ба Қазоқистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Интизор меравад, ки дар ҷарёни ин сафар, раисони ҷумҳури тоҷику қазоқ бастаи ҷадиди асноди ҳамкории миёни ду кишварро ба имзо бирасонанд.

Раҳмон дар чорчуби сафари расмии худ ба Қазоқистон, дар торихи 15 март дар нахустин Нишасти расмии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Остона ширкат хоҳад кард.

Ин иҷлос бо ибтикори раисони ҷумҳури Қазоқистону Узбакистон ва таҳти раёсати Нурсултон Назарбоев баргузор мешавад.

Коршиносон муътақиданд, ки нишасти отии сарони кишварҳои минтақа дар тарвиҷи таомулоти миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши калидӣ дорад.