Равобити дипломатии Тоҷикистон бо 156 кишвари ҷаҳон
(last modified Wed, 21 Feb 2018 06:33:09 GMT )
Феврал 21, 2018 11:33 Asia/Dushanbe
  • Равобити дипломатии Тоҷикистон бо 156 кишвари ҷаҳон

Тоҷикистон бо 156 кишвари ҷаҳон равобити расмии дипломатӣ барқарор кардааст.

Ин матлабро рӯзи бистуми феврал Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард.

Раиси дастгоҳи дипломатии Тоҷикистон зимни ироаи гузориш ба аъзои Маҷлиси намояндагони ин кишвар изҳор дошт, дар маҷмуъ 170 кишвари ҷаҳон истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохтаанд.

Сироҷиддин Аслов ҳамчунин аз нақши фаъоли Тоҷикистон дар раванди ҷаҳонӣ шудан ва таҳаввулоти минтақаӣ тайи ду даҳаи гузашта ибрози назар кард.

Намояндагони мардум дар Парлумони Тоҷикистон рӯзи 20-уми феврал мавзӯи таҳаввулоти сиёсӣ дар ҷаҳон, минтақа ва Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.