Маҳкумияти зиндон барои ду тан аз вобастагони Гулмурод Ҳалимов
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i30255-Маҳкумияти_зиндон_барои_ду_тан_аз_вобастагони_Гулмурод_Ҳалимов
Ду тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки худро аз наздикон ва бастагон ба Гулмурод Ҳалимов, вазири ҷанги ДИИШ муаррифӣ кардаанд, дар Русия ба зиндон маҳкум шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 21, 2018 08:57 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти зиндон барои ду тан аз вобастагони Гулмурод Ҳалимов

Ду тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки худро аз наздикон ва бастагон ба Гулмурод Ҳалимов, вазири ҷанги ДИИШ муаррифӣ кардаанд, дар Русия ба зиндон маҳкум шуданд.

Ба гузориши сомонаи русии “Riafan”, ин ду нафар бо номҳои Абдусалом Абдуҷабборзода ва Наҷибуллоҳ Бобишоҳ Файзуллоҳзода бо қарори додгоҳи шаҳри Ростов ҳукми 4 ва 6 соли зиндон гирифтаанд.

Иттиҳоми Абдуҷҷабборзода ва Файзуллоҳзода ҷалби афрод, ба вижа муҳоҷирони хориҷии муқими Русия ба сафи гурӯҳи террористии ДИИШ эълом шудааст.

Ба гуфтаи мақомоти додгоҳии Русия, Абдусалом Абдуҷҷабборзода ва Наҷибуллоҳ  Бобишоҳ Файзуллоҳзода бо истифода аз шабакаҳои маҷозӣ ва низ бо ҳузур дар масоҷиди ҷумҳурии худмухтори Адигея, дар ҷануби Русия, афродро барои пайвастан ба ДИИШ тарғиб мекарданд.

Афзун бар ин Абдусалом Абдуҷҷабборзода бо иддаои ин ки аз хешовандони Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи ҷанги ДИИШ аст, ба ҳамсӯҳбатонаш ваъдаи таъмини мақом ва дастмузди хуб дар Сурия ва Ироқ медод.

Гулмурод Ҳалимов, ки фармондеҳи нерӯҳои вижаи Вазорати дохилии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, соли 2015 зимни фирор аз Тоҷикистон, ба ДИИШ пайваст. Вай дар гузашта давраҳои омӯзиши низомиро дар Амрико пушти сар гузоштааст.