Пайвастани Тоҷикистон ба институти ҳамкории иқтисоди минтақаӣ
(last modified Wed, 21 Feb 2018 14:53:31 GMT )
Феврал 21, 2018 19:53 Asia/Dushanbe
  • Пайвастани Тоҷикистон ба институти ҳамкории иқтисоди минтақаӣ

Парлумони Тоҷикистон ба иттифоқ иоро тавофуқномаи имзошуда дар соли 2014 барои эҷоди институти ҳамкории иқтисоди минтақа мавсум ба “Осиёи Маркази”-ро тасвиб кард.

Ба нақл аз Форс, Неъматуллоҳи Ҳимматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар парлумон ин кишвар ҳадаф аз ин тавофнқомаро тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ миён кишварҳои узви он эълом кард.

Вай гуфт: Тавофуқномаро Чин, Гурҷистон, Покистон, Муғулистон ва ҳамчунин созмонҳои молии байналмилалӣ аз ҷумла Бонк тавсеаи исломӣ, Бонки бозсозӣ ва тавсеаи Аврупо ва Бонк тавсеаи осиёӣ имзо кардаанд.

Ҳимматуллоҳзода афзуд: Ҳадаф аз эҷоди муассисаи ҳамкори иқтисоди минтақаи Осиёи Марказӣ тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва мутолиоти иқтисодӣ бо ҷалби коршиносон иқтисодии кишварҳои узви ин барнома аст.

Вазир энержӣ, нақлиёт ва тавсеаи тиҷоратро аз ҷумлаи арсаҳои авлавиятдор ин барнома донист.