Феврал 21, 2018 20:35 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон имсол 9 миллион нафарӣ мешавад

Раиси омори ҷамъиятии Тоҷикистон гуфт: Дар нимаи аввали 2018 ҷамъияти кишвар ба 9 миллион нафар хоҳад расид.

Ба нақл аз Форс, ​Абдувалӣ Қулов гуфт, дар ҳоли ҳозир ҷамъияти Тоҷикистон ҳашт миллиону 930 ҳазор нафар аст ва бо таваҷҷуҳ ба ин, ки дар ин кишвар ҳар сол ба таври мутавассит 2.2 дарсад ё 200 ҳазор нафар ба ҷамъият афзуда мешавад, ҷамъияти Тоҷикистон дар сол 2018 аз 9 миллион нафар мегузарад.

Қулов гуфт: Теъдоди шаҳрвандон албатта ба мизони таваллуд ва фавт вобастааст, ки қобили пешбинӣ нест, аммо ба таври қатъ имсол ҷамъияти Тоҷикистон аз марз 9 миллион нафар хоҳад гузашт.

Тоҷикистон аз назари суръати афзоиши ҷамъият миёни кишварҳои Шӯравӣ дар мавқеияти нахуст қарор гирифтааст ва ба таври мутавассит ҳар як зан дар Тоҷикистон чаҳор фарзанд ба дунё меоварад.

Бар асоси бархе оморҳо, афзоиши муназзами зоду валад дар Тоҷикистон, ин кишварро ба ҷавонтарин кишвари дунё табдил кардааст, зеро се миллион нафар аз ҷамъияти Тоҷикистонро кӯдакони то 14 сола ташкил медиҳанд.