Феврал 22, 2018 13:56 Asia/Dushanbe
  • Навсозии нерӯгоҳи «Норак» ниёзманди 700 миллион доллар

Навсозӣ (модернсозӣ)-и комили нерӯгоҳи обии «Норак» ба 700 миллион доллар ва 10 сол замон ниёз дорад.

Ба гузориши сайти «Авесто», масъулони бахши энержии Тоҷикистон гуфтаанд, барои навсозии нерӯгоҳи обии «Норак» дар ин кишвар 700 миллион доллар ихтисос дода мешавад ва ин кор дар ду марҳала ва тайи 10 сол барномарезӣ шудааст.

Бар асоси ин гузориш, ҳазинаи фази аввали ин проект 350 миллион доллар аст, ки аз сӯйи муассисоти молии байналмилалӣ таъмин мешавад ва давраи пиёдасозии он низ панҷ сол аст.

 Давлати Тоҷикистон барои навсозии нерӯгоҳи обии «Норак» ва бозсозии он то кунун 79 миллион евро ҳазина кардааст. Бо ин вуҷуд, дигар бахшҳои он, аз ҷумла генераторҳо ҳамчунон ниёз ба бозсозӣ доранд.

 Дар соли 2009 турбинаи шумораи 3-и нерӯгоҳи обии «Норак» нав шуд, ки дар пайи ин кор зарфияти чархаи он аз 150 мегаватт ба 335 мегаватт афзоиш ёфт.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати энержӣ ва манобеи об, қарор аст зарфияти нерӯгоҳи обии «Норак» дар Тоҷикистон пас аз навсозии он 10 дарсад афзоиш ёбад ва ба 3.3 ҳазор мегаватт бирасад.

Сохти нерӯгоҳи обии «Норак» дар рӯйи рӯдхонаи Вахш дар соли 1961 оғоз ва дар соли 1979 низ такмил шуд.

Аввалин турбинаи ин нерӯгоҳ ҳам дар соли 1972 ба баҳрабардорӣ расидааст.

Ин нерӯгоҳи обӣ дорои 9 генератор бо зарфияти умумии 3000 мегаватт аст.