Феврал 24, 2018 10:00 Asia/Dushanbe
  • Таҷлил аз Рӯзи Артиши Миллӣ дар Тоҷикистон

Ойини таҷлил аз Рӯзи Артиши Миллии Тоҷикистон бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии ин кишвар? рӯзи ҷумъа дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маросим зимни табрики ин рӯз ба сарбозон ва афсарони тоҷик, тақвияти сохторҳои дифоӣ ва амниятиро як зарурати ҷиддӣ хонд.

Эмомалӣ Раҳмон ба ин амр, бо таваҷҷуҳ ба воқеиятҳои кунунии ҷаҳон ва дар ростои ҷилавгирӣ аз хатари физояндаи терроризм ва ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои ҷаҳони муосир ва низ авзои сиёсӣ- низомии Афғонистон, ки метавонад дар амнияти Тоҷикистон таъсир гузорад, таъкид кард.

Вай  дар айни ҳол ба пешрафтҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз замони таъсис то кунун ишора ва изҳор дошт, артиши Тоҷикистон аз сифр табдил ба як нерӯи қавии дифоӣ шудааст.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз заъфи пояи низомии Тоҷикистон дар авоили истиқлоли ин кишвар аз Шӯравии собиқ ҳам ёдоварӣ ва унвон кард, дар замони таъсиси артиши миллӣ ҳатто як нафар ҳам дар артиш рутбаи генералиро доро набуд.

Артиши Миллии Тоҷикистон 25 сол пеш, дар рӯзи 23-юми феврали соли 1993 таъсис шудааст.