Феврал 24, 2018 11:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Тоҷикистон дар конфронси “Гуфтугӯи адён” дар Қатар

Ҳайати намояндагии ҷумҳурии Тоҷикистон дар сенздаҳумин конфронси байналмилалии “Гуфтугӯи адён”- и Доҳа бо мавзӯи “Дин ва ҳуқуқи башар” ширкат кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷа, ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласоти умумии ин конфронс аз тавсеаи иҷтимоӣ ва фарҳанги пойдор ва дастовардҳои Тоҷикистон дар ин замина гузоришҳое ба ширкаткунандагон ироа карданд.

Намояндагони ҷумҳурии Тоҷикистон ин дастовардҳоро натиҷаи иқдомоти давлати Тоҷикистон барои иртиқои ҳуқуқи башар, аз ҷумла озодии динӣ, тарвиҷи арзишҳои созандаи Ислом ва нақши он дар ҳифзи субот ва рушди ҷомеа донистанд.

Ин намояндагон ҳамчунин бо ишора ба намунаи амалии ҳамзистии мусолиматомези пайравони адён ва фарҳангҳои мухталиф дар Тоҷикистон, дар мавриди талошҳои давлати ин кишвар дар роҳи мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ суханронӣ карданд.

Дар ин конфронс як тафоҳумномаи ҳамкорӣ байни Маркази ҷаҳонии “Гуфтугӯи адён”-и Доҳа ва Маркази Исломшиносии Тоҷикистон ба имзо расид.

Ин тафоҳумномаро доктор Иброҳим Солеҳ Наимӣ, раиси Маркази ҷаҳонии “Гуфтугӯи адён”-и Доҳа ва Файзуллоҳ Баротзода, мудири Маркази Исломшиносии Тоҷикистон имзо карданд.

Ширкаткунандагон дар конфронси байналмилалии “Гуфтугӯи адён”-и Доҳа аз 67 кишвар дар бораи роҳҳои муассири ҷилавгирӣ аз ифротгароӣ ва хушунат, ки ба номи дин, аммо барои дастёбӣ ба аҳдофи худхоҳонаи сиёсӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон анҷом мешавад, табодули назар карданд.

Ҳозирон дар конфронси Қатар бо таваҷҷуҳ ба афзоиши танишҳои мазҳабӣ ва фирқаӣ дар дунёи имрӯз, ба намояндагӣ аз Ислом, масеҳият ва яҳудият, бар ниёзи ҳамзистии мусолиматомез миёни пайравони адён ва фарҳангҳои мухталиф дар ҷиҳати сулҳу субот дар сатҳи ҷаҳонӣ таъкид карданд.