Эъломи омодагӣ барои фаъолиятҳои муштараки Тоҷикистон бо СММ
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид дар дидор бо дабири иҷроии Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар Осиё ва Уқёнуси Ором, дар бораи омодагӣ барои фаъолиятҳои муштараки Тоҷикистон бо СММ гуфтугӯ кард.
Ба гузориши дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дидори Муҳаммадамин Муҳаммадаминов бо хонум Шамшод Ахтар дар ҳошияи конфронси байналмилалии “Ҳафт ҳадафи тавсеаи пойдор” (21 то 23-юми феврали соли 2018) дар Бангкоки Таиланд сурат гирифт.
Дар ин дидор тарафайн бар ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ дар ҳавзаи Осиё ва Уқёнуси Ором ва тақвияти ҳамкориҳои минтақаӣ таъкид карданд.
Ду тараф ҳамчунин дидгоҳҳои худро дар бораи омодагӣ барои фаъолиятҳои муштараки ояндаи Тоҷикистон бо СММ баррасӣ карданд.
Ин фаъолиятҳо шомили роҳандозии иқдоми даҳсолаи байналмилалии “Об барои тавсеаи пойдор” (2028-2018) дар 22-юми марти соли 2018 дар Ню-Йорк, баргузории конфронси байналмилалии “Об барои тавсеаи пойдор” (20 то 22-юми августи соли 2018) дар Душанбе ва конфронси байналмилалии мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ (севум то панҷуми майи соли 2018) дар Душанбе аст.
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ дар конфронси байналмилалии “Ҳафт ҳадафи тавсеаи пойдор” ба унвони муовини раиси Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ ширкат карда буд.
Вай ҳамзамон раҳбарии яке аз ҷаласоти конфронс бо мавзӯи "Таъмини дастрасии ҷаҳонӣ ба барқ”-ро низ бар ӯҳда дошт.