Таҳқири намозгузорон – сабаби судури ҳукми барканории Холдоров
(last modified 2018-02-24T08:20:32+00:00 )
Феврал 24, 2018 13:20 Asia/Dushanbe
  • Таҳқири намозгузорон – сабаби судури ҳукми барканории Холдоров

Ҳукми барканории Шокир Холдоров, масъули бахши Кумитаи дин ва танзими расму ойин дар ноҳияи Рӯдакӣ ба иллати таҳқири намозгузорони як масҷид дар ин ноҳия содир шуд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Ожонси хидмати давлатии Тоҷикистон дастури барканории вайро бар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо одоби хидматрасонии давлатӣ, ба ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ додааст.

Холдоров дар моҳи октябри соли 2017 ба хотири таҳқири намозгузорони як масҷид танҳо 500 сомонӣ ҷарима шуда буд, ки ин муҷозоти кам боиси эътирози бисёре аз мардум аз бархурди мақомот бо чунин масоили ҳассос шуд.

Шокир Холдоров - масъули бахши танзими ҷашну ойинҳои миллӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ аст, ки пахши видеои тавҳин ва ҳарфҳои тунди вай ба намозгузорон дар октябри соли гузаштаи 2017 дар шабакаҳои иҷтимоӣ, мавҷе аз эътирозот ва вокунишҳои манфиро эҷод кард.