Август 27, 2016 14:35 Asia/Dushanbe
  • Эътои нишони дараҷаи яки Шарафи Тоҷикистон ба Дилшод Назаров

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон нишони дараҷаи яки Шарафро ба Дилшод Назаров, барандаи медали тиллои бозиҳои Олимпии "Рио-2016" эъто кард.

Ба гузориш ИРНА, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон шаби гузашта дар кохи "Миллат" бо Дилшод Назаров мулоқот ва аз ин варзишкори тоҷик ба хотири касби муваффақиятҳои варзишӣ барои кишвараш дар арсаи байналмилалӣ сипосгузорӣ кардааст.

Раҳмон ҳамчунин 300 ҳазор сомонӣ пули нақдро ба унвони ҷоиза ба Дилшод Назаров эҳдо кард.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин дидор гуфт, нишони тиллои Дилшод Назаров дар таърихи истиқлоли Тоҷикистон рӯйдоди фараҳбахш ва беназире будааст, ки Тоҷикистонро дар ҷаҳон машҳур кард.

Дилшод Назаров бистуми август дар бозиҳои Олимпии "Рио-2016" бо партоби гурз ба масофати 78 метру 68 сантиметр мақоми аввали ин ришта ва нахустин медали тилло дар таърихи истиқлоли Тоҷикистон дар бозиҳои олимпиро ба даст овард.

Дилшод Назаров моҳи августи соли гузашта низ медали Шарафи Тоҷикистонро ба хотири касби мақоми дувуми ҷаҳон касб карда буд.

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон низ пирӯзии Дилшодро ба мардум ва масъулони ин кишвар табрик гуфтааст.