Коршинос: Хатари Афғонистон фурсате барои Тоҷикистон аст
Коршиноси масоили амниятӣ гуфт, Тоҷикистон метавонад аз мавзӯи таҳдид аз ҷониби Афғонистон барои тақвияти худ истифода кунад.
Ба гузориши “Спутник”, Андрей Серенко, коршиноси шинохтаи маркази мутолеоти Афғонистони муосир дар Русия бо ишора ба роҳандозии маркази назорати нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе, дар бораи дурнамои бахши низомии Тоҷикистон гуфт, барои Тоҷикистон муҳим аст, ки Афғонистон танҳо як мушкил набошад, балки Душанбе умедвор аст аз барномаҳои бозигарони асосӣ барои ҳалли низоъҳо дар Афғонистон суд бибарад.
Вай афзуд, бо авҷ гирифтани таҳдидот аз ҷониби Афғонистон ба Тоҷикистон, ин кишвар метавонад бо ин баҳона нерӯҳои мусаллаҳи худро навсозӣ кунад ва барои ба даст овардани таҷҳизоти ҷадид бо бозигарони мухталифи минтақа иртиботи қавӣ барқарор намояд.
Ба гуфтаи Серенко, Тоҷикистон дар пайи ин иқдомот ба тадриҷ аз доираи аҳдофи инҳисорталабонаи Русия берун меравад.
Коршиноси маркази мутолеоти Афғонистони муосир дар Русия таъкид кард, дар пайи афзоиши таҳдидҳо аз Афғонистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба думболи марокизи мухталифе хоҳанд буд то дар бораи ҳалли ин мушкил машварат бигиранд ва ин кор барои Русия хушоянд нест, аммо воқеияте аст, ки бояд онро пазируфт.