Боздошти ронандае, ки боиси марги ду кӯдак дар Душанбе шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i30481-Боздошти_ронандае_ки_боиси_марги_ду_кӯдак_дар_Душанбе_шуд
Ронандаи мошине, ки дар Душанбе ду кӯдакро зери чархи мошин гирифт ва боиси марги онҳо шуд, гувоҳиномаи ронандагӣ надошт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 26, 2018 09:23 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ронандае, ки боиси марги ду кӯдак дар Душанбе шуд

Ронандаи мошине, ки дар Душанбе ду кӯдакро зери чархи мошин гирифт ва боиси марги онҳо шуд, гувоҳиномаи ронандагӣ надошт.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, бинобар иттилои раёсати Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе шомгоҳи 22-юми феврал ҳудудан соати панҷи баъд аз зуҳр ронандаи мошини номаълум ҳангоми ҳаракат аз хиёбони 50 -солагии Тоҷикистон ба самти хиёбони Абайи шаҳри Душанбе дар болои гузаргоҳи қоидаҳои эминӣ ҳаракатро риоят накардаву ду кӯдаки пиёдаравро зери чархи мошин гирифтааст.

Дар иттилоияи раёсати Вазорати умури дохилӣ омадааст: "Бо рух додани чунин ҳодисае мутаассифона, пиёдаравони хурдсол ҷароҳати вахим бардоштанд ва дар роҳ ба бемористон ҷон бохтанд".

Кӯдакон Ҳамза Норови 10 сола ва Дилноза Нороваи 11 сола ва сокини пойтахт буданд.

Баъд аз таҳқиқ ва баррасӣ, кормандони полиси пойтахт ронандаи фирориро боздошт карданд ва мушаххас шуд, ин ҷинояткор, ки Маъруф Шарифов ном дорад ва 25 сола аст, гувоҳиномаи ронандагӣ надорад.

Барои ин ронандаи фирорӣ парвандаи ҷиноӣ ташкил шудаву вай дар ҳоли ҳозир дар боздошт қарор дорад.

Қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои ронандагоне, ки боиси марги ду нафар ё бештар мешаванд, аз 5 то 10 сол зиндон дар назар гирифтааст ва дар сурате, ки ронанда гувоҳинома надошта бошад 10 то 15 сол зиндон дар интизор ӯ хоҳад буд.