Баррасии паймони ҳамкории роҳбурдӣ бо Туркманистон дар Парлумони Тоҷикистон
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон паймони ҳамкории роҳбурдӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистонро баррасӣ кард.
Ба гузориши равобити умумии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, дар ҷаласаи рӯзи 26-уми феврал ба раёсати Шукурҷон Зуҳуров, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон паймони ҳамкории роҳбурдӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркманистонро баррасӣ карданд.
Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи умури байналмилалии Маҷлиси намояндагон ҳангоми баррасии паймони ҳамкории роҳбурдӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон гуфт, ин санад бо таваҷҷуҳ ба муштаракоти таърихӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон ва Туркманистон ва бар асоси эҳтиром ба ҳаққи истиқлоли ҳар кишвар дар иҷрои сиёсати хориҷӣ имзо мешавад ва интизор меравад, ки он ба густариши равобити ду кишвар кумак кунад.
Ба гуфтаи Салимзода, ду кишвар метавонанд бо ризоияти якдигар ин санадро тағйир диҳанд ва дар он ислоҳоте ворид кунанд, ки ин ислоҳот бо протоколҳои ҷудо ба расмият дармеояд ва бо тартиби пешниҳодшудаи моддаи 15 –и ин шарт нома, дорои эътибор мешавад.
Бар асоси ин паймони ҳамкорӣ, ду тараф мақоми бетарафии доимии Туркманистон ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром мекунанд ва эътимоди муштарак ва ҳамкории мутақобили роҳбурдиро дар бахши сиёсати байналмилалӣ ҳамаҷониба таҳким мебахшанд.