Мирзиёев рӯзи 9-уми март дар Душанбе
(last modified Tue, 27 Feb 2018 08:45:11 GMT )
Феврал 27, 2018 13:45 Asia/Dushanbe
  • Мирзиёев рӯзи 9-уми март дар Душанбе

Замони сафари раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистон рӯзҳои 9-ум ва 10-уми марти соли 2018 хоҳад буд.

Сомонаи Фарғона, имрӯз – 27-уми феврал аз қавли як манбаи мувассақ дар ҳукумати Ӯзбакистон хабар дод, ки Мирзиёев рӯзи 9-уми март вориди Душанбе мешавад.

Нахустин бор дар моҳи ноябри соли гузашта дар бораи сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон иттилоърасонӣ шуд.

Пас аз он раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон худ ин мавзӯро таъйид кард ва гуфт, дар сафар ба кишвари ҳамсоя санадҳои зиёде миёни Тошканд ва Душанбе ба имзо хоҳад расид.

Нахустин сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон дар ҳоле анҷом хоҳад шуд, ки вай пас аз расидан ба мақоми раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон аз бақияи кишварҳои Осиёи Марказӣ дидор карда ва ҳатто ба Қазоқистон ва Туркманистон ду бор сафар кардааст.