Ҳушдор дар бораи тағйирёбии вазъи ҳаво дар Тоҷикистон
(last modified Tue, 27 Feb 2018 09:25:55 GMT )
Феврал 27, 2018 14:25 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдор дар бораи тағйирёбии вазъи ҳаво дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар мавриди нопойдории вазъияти бодуҳавоӣ, ба вижа дар манотиқи кӯҳистонӣ ҳушдор дод.

Сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон имрӯз, сешанбе бо пахши иттилоияе аз шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистон хостааст, дар сафар ба манотиқи душворгузар ва кӯҳистонӣ аз тадобири эҳтиётӣ кор гиранд.

Ин ниҳод бо истинод ба пешбинии Ожонси ҳавосанҷӣ эълом кардааст, ки бими бориши зиёди борон ва ба дунболи он боло омадани сатҳи об дар рӯдхонаҳои Яхсӯ ва Қизилсӯ меравад.

Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти пешомада мақомот аз мардум хостаанд, ки бидуни зарурат ба манотиқи кӯҳистонӣ сафар накунанд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон даҳҳо нафар бар асари ҳаводиси табиӣ, ба шумули бориши барфу борони ғайримаъмулӣ, резиши баҳман, рониши замин, ҷорӣ шудани сел ва...ҷони худро аз даст медиҳанд.