Боздошти 19 ронандаи маст дар Душанбе тӯли як ҳафта
Феврал 27, 2018 13:44 Asia/Dushanbe
Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ (БДА) дар шаҳри Душанбе аз 19 то 24 феврал 19 ронандаи мастро дастгир карданд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон (ВКД), кормандони БДА шаҳри Душанбе 8 ронандаро барои ҳаракат бо шумораи сабти давлатии сохта, 10 ронандаро барои ҳаракат бе шумораи сабти давлатӣ, 8 касро барои ҳаракат бе гувоҳиномаи ронандагӣ, 128 ронандаро барои тундравӣ дар роҳҳо ва 90 касро барои гуфтугӯ бо телефони ҳамроҳ ҳангоми ронандагӣ дастгир кардаанд.
Бино бар ин гузориш, аз 19 то 24 феврал дар шаҳри Душанбе 2987 маврид шикастани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ сабт шудааст.