Бистарӣ шудани Раҳматилло Зоиров дар бемористон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i30553-Бистарӣ_шудани_Раҳматилло_Зоиров_дар_бемористон
Як манбаи хабарӣ аз беморӣ ва бистарӣ шудани раҳмат Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 27, 2018 18:57 Asia/Dushanbe
  • Бистарӣ шудани Раҳматилло Зоиров дар бемористон

Як манбаи хабарӣ аз беморӣ ва бистарӣ шудани раҳмат Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон хабар дод.

Радиои Озодӣ аз қавли Мавзуна Каримова, ҳамсар ва Шокирҷон Ҳакимов, муовини Зоиров хабари бемории ӯро расонаӣ кард.

Навъи беморӣ ва маҳалли бистарии , раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон расман мушаххас нашудааст.  

Зоиров чаҳор рӯз аст, дар бемористони берун аз шаҳри Душанбе бистарӣ аст ва ҳаргуна тамоси телефонӣ бо афродро қатъ кардааст.

Ҳамсари раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфта, ки бемории Зоиров паёмади ҷироҳатҳоест, ки бар асари лату куби афроди ношинос дар ноябри 2017 ба ӯ ворид шудааст.

Раҳматилло Зоиров аз замони таъсиси ҳизб, раёсати ин ҳизби мунтақиди давлати Тоҷикистонро бар уҳда дорад.