Бистарӣ шудани Раҳматилло Зоиров дар бемористон
Як манбаи хабарӣ аз беморӣ ва бистарӣ шудани раҳмат Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон хабар дод.
Радиои Озодӣ аз қавли Мавзуна Каримова, ҳамсар ва Шокирҷон Ҳакимов, муовини Зоиров хабари бемории ӯро расонаӣ кард.
Навъи беморӣ ва маҳалли бистарии , раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон расман мушаххас нашудааст.
Зоиров чаҳор рӯз аст, дар бемористони берун аз шаҳри Душанбе бистарӣ аст ва ҳаргуна тамоси телефонӣ бо афродро қатъ кардааст.
Ҳамсари раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфта, ки бемории Зоиров паёмади ҷироҳатҳоест, ки бар асари лату куби афроди ношинос дар ноябри 2017 ба ӯ ворид шудааст.
Раҳматилло Зоиров аз замони таъсиси ҳизб, раёсати ин ҳизби мунтақиди давлати Тоҷикистонро бар уҳда дорад.