Феврал 28, 2018 15:02 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари пешини Созмони муҳоҷирони тоҷик дар Русия кушта шуд

Фарде дар Русия ба иттиҳоми қатли раиси пешини Созмони муҳоҷирони тоҷик боздошт шуд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Риязан эълом кард, ки  мардеро ба иттиҳоми куштори раиси пешини Созмони муҳоҷирони тоҷик "Сино" дастгир кардааст.

Пештар расонаҳои маҳаллии Русия хабар дода буданд, ки Бегмаҳмад Медведеви 53 сола-раиси пешини яке аз созмонҳои муҳоҷирони тоҷик чанд рӯзи пеш ғайб зада аст.

Медведев 17-уми феврал бо худрави худ аз вилояти Риязан ба вилояти Калуга рафт ва ғайб задаст.

Да гузориши Дафтари матбуотии мақомоти тафтишотии вилояти Риязан омадааст: Тибқи натиҷаи тафтишоти муштараки кормандони полис ва муфатишон шахси гумонбар дар куштори Медведев дастгир ва ҷасади Бегмаҳмад пайдо шудааст. Акнун алайҳи гумонбар парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.

Дар ҳоли ҳозир муттаҳам дар ҳабси пешакӣ гирифта шуда ва тафтишот дар ин замина идома дорад.