Феврал 28, 2018 22:08 Asia/Dushanbe
  • Нишасти Кумитаи тадорукоти таҷлил аз 30-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон

Таҳти раёсати президенти Тоҷикистон, ҷаласаи кумитаи тадорукоти солгарди истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд.

Ба иттилои Ховар, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки истиқлолият аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик мебошад, аз ин рӯ баҳри гиромидошти муқаддасоти сарзамини аҷдодӣ ва таҷлили бошукуҳи он бояд тадбирҳои мушаххас амалӣ гарданд.

Кумитаи тадорукоти ҷашни 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистон қарор кард, ки роҳбарони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро оид ба омодагӣ ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистонро ба ҳукумат пешниҳод намоянд.

Дастгоҳи иҷроияи президент ва воҳидҳои сохтории он дар муҳлати ду моҳ нақшаи чорабиниҳои мазкурро таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида ба ҳукумат пешниҳод менамоянд.

Тибқи фармони президент соли 2021 дар саросари кишвар ин иди умумимиллӣ бояд дар сатҳи баланд ва бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардад.