Март 01, 2018 12:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Тоҷикистон дар намоишгоҳи маводи ғизоии халиҷи Форс

Ширкатҳои тавлиди маҳсулоти ғизоии Тоҷикистон барои нахустин бор дар намоишгоҳи “GulFood 2018” дар Дубай ширкат карданд.

Ба гузориши “Азия плюс”, дар бистусевумин намоишгоҳи байналмилалии маводи ғизоӣ, ошомиданӣ ва таҷҳизоти кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс- “GulFood 2018”, ки ахиран дар маркази тиҷорати ҷаҳонии Дубай баргузор шуд, барои аввалин бор ширкатҳои тавлиди маҳсулоти ғизоии Тоҷикистон иштирок карданд.

Заминаи ҳузури ширкатҳои тоҷикистонӣ дар ин намоишгоҳ бо сармоя гузории Бонки Ҷаҳонӣ дар тарҳи “тиҷорисозии кишоварзӣ” дар Тоҷикистон ва кумакҳои фаннии ширкати шведии “NIRAS” бо ҳамкории Утоқи бозаргонии Тоҷикистон фароҳам шудааст.

Маҳсулоти ироанамудаи ширкатҳои тоҷикистонӣ дар намоишгоҳи маводи ғизоии халиҷи Форс асосан меваҳои хушк ва хушкбор, лимӯ ва ангур буд.

Дар ин намоишгоҳ Шариф Маҳмудзода, сафир ва Баҳодур Сафарзода, сарконсули Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз ғурфаҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ дидан карданд.

Намояндагони Утоқи бозаргонии Тоҷикистон мегӯянд, боздидкунандагони ин намоишгоҳ алоқаманд ба имзои қарордод ва тафоҳумномаҳо бо ширкатҳои тоҷикистонӣ барои арзаи маҳсулоти табиӣ ва содироти меваҳои Тоҷикистон ба бозорҳои кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс ҳастанд.

Намоишгоҳи солонаи “GulFood”  бо ҳузури беш аз панҷ ҳазор ширкат аз 120 кишвар ва беш аз 97 ҳазор боздидкунанда аз 170 кишвар бузургтарин намоишгоҳ дар минтақаи халиҷи Форс ва ҷаҳон аст.