Март 01, 2018 14:22 Asia/Dushanbe
  • Гузаргоҳи марзӣ байни Панҷакент ва Самарқанд боз шуд

Имрӯз, якуми март бо иштироки раисони вилоятҳои Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбакистон гузаргоҳи марзии Саразм-Ҷартеппа дар шаҳри Панҷакент расман боз шуд.

Ба иттилои дафтари матбуотии ҳукумати вилояти Суғд, дар маросими кушоиши гузаргоҳи Саразм-Ҷартеппа Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Туробҷон Ҷӯраев, раиси вилояти Самарқанд ширкат ва суханронӣ карданд.

Бар асоси ин гузориш, Раҷаббои Аҳмадзода зимни суханронии худ кушоиши гузаргоҳи марзии Саразм-Ҷартеппа ва дигар гузаргоҳҳои байнимарзии давлати Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро иқдоми муҳими раҳбари ду кишвари дӯст арзёбӣ кард, ки ба рушд ва тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии самарабахши дуҷониба ва густариши равобит ва муносибатҳои ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Раиси вилояти Суғд ҳамкориҳои самарабахши Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро ба манфиати мардуми ду кишвар донист ва таъкид кард, ки равобити дӯстӣ ва ҳамсоягӣ ва эҳтироми мутақобил мардуми Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро ба якдигар мепайвандад ва дар раъси ин дӯстӣ мутафаккирони бузурге чун мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ меистанд.

Ҳамчунин раиси вилояти Суғд бо ёдоварӣ аз ифтитоҳи хати ҳавоии Душанбе-Тошканд, бузургтарин рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ӯзбакистон ва рӯзҳои фарҳангии Ӯзбакистон дар Тоҷикистон ва намоиши маҳсулоти муассисаҳои саноатии Тоҷикистон дар Ӯзбакистон гуфт, марҳалаи ҷадиди ҳамкориҳо миёни ду давлат фаро расидааст.

Туробҷон Ҷӯраев, раиси вилояти Самарқанд низ аз боз шудани гузаргоҳи марзии Саразм-Ҷартеппа истиқбол кард ва гуфт, бовар дорад, ки бо боз шудани ин гузаргоҳи марзӣ ҳамкориҳои ду ҷумҳурии ҳамсояи Тоҷикистон ва Ӯзбакистон рушд меёбад.

Ҳамзамон бо ҳузури намояндагони мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва намояндагони навоҳии ҳаммарзи Ӯзбакистон, гузаргоҳҳои марзии Ӯротеппа-Кушкент, Зафаробод-Хавостобод, Ҳавотоғ-Учтурғон, Ҳаштияк-Бекобод ва Навбунёд-Поп низ боз шуд.

Манобеи Тоҷикистон пештар хабар дода буданд, ки гузаргоҳи байни Панҷакент ва Самарқанд дар остонаи Наврӯз бо ҳузури раисони ҷумҳурии ду кишвар ифтитоҳ хоҳад шуд.