Март 02, 2018 21:29 Asia/Dushanbe

Неъматуллоҳ Эмомзода, сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хитоб ба ширкаткунандагони маросими рӯнамоӣ аз тарҳи телевизионии "Хуршедҳои сегона" дар шаҳри Шероз паёми ирсол кард.

Тарҳи телевизионии "Хуршедҳои сегона" як силсилафилми 90-қисматӣ аст, ки зиндагӣ ва осори се чеҳраи тобноки адаби порсӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ ва Хоҷӯи Кирмониро ба тасвир мекашад.

Паёми сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эронро Шоҳмансури Шоҳмирзо, масъули мизи Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар маросими рӯнамоӣ аз ин тарҳ дар Шероз қироат кард.