Баргузории ҷашнвораи ҳунарҳои дастӣ дар Душанбе
Ҷашнвораи намоиш ва фуруши ҳунарҳои дастии мардумӣ имрӯз шанбе дар маркази савдои Ашан дар шаҳри Душанбе оғоз ба кор кард.
Ба гузориши сомонаи Спутник, дар ин ҷашнвора ҳунармандони асили тоҷик аз тамомии ноҳияҳои кишвар гирди ҳам меоянд ва маҳсулоти дастсози худро ба намоиш мегузоранд.
Ин ҷашнвора ба ҳиммати Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегардад.
Коршиносон бар ин ақидаанд ки баргузории чунин ҷашнвораҳое дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба пешрафт ва тавсеаи соҳаи сайёҳӣ ва тақвияти касбу кор ва ҳунарҳои мардумӣ кӯмак мекунад.
Аз ҷумлаи ин ҳунарҳо ва маҳсулоти дастӣ метавон ба атласдузӣ ва адрасдузӣ, қолибофӣ, гулдузӣ, тоқибофӣ, чакандузӣ, сангтарошӣ, дуторсозӣ ва... ки дар солҳои ахир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду тавсеаи зиёде доштаанд, ишора намуд.