Ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон барои мубориза бо терроризм
Тоҷикистон ва Покистон ҷиҳати муборизаи муштарак бо терроризм эъломи омодагӣ карданд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, дар дидори Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ва Эҳсон Ғанӣ, ҳамоҳангкунандаи миллии Покистон дар Душанбе, ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи муборизаи муштарак бо терроризм мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.
Раҳимзода омодагии тарафи тоҷик барои тақвияти ҳамкориҳо байни ду кишвар дар заминаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдидот ва чолишҳои мавҷуд дар шароити кунуниро эълом кард.
Ғанӣ низ бо изҳори омодагии Покистон барои тавсеаи ҳамкориҳои амниятӣ бо Тоҷикистон, дастовардҳои мақомоти тоҷик дар эҷоди сулҳу амният дар ин кишварро муҳим ва қобили таваҷҷуҳ тавсиф кард.
Дар ин дидор Муҳаммад Сиддиқ, муовини вазири умури дохилии Покистон ва Иқбол Сумро, сафири ин кишвар дар Тоҷикистон низ ширкат карданд.