Март 04, 2018 10:14 Asia/Dushanbe
  • Тирпаронӣ байни тоҷикон ва чеченҳо дар Маскав

Асри рӯзи дуюми март дар вилояти Маскав байни тоҷикон ва чеченҳо тирпаронӣ рух дод.

Ба гузориши сомонаи Спутник, ҳодисаи тирпаронӣ байни тоҷикон ва чеченҳо дар наздикии метрои Котелники рух дод ва бино бар гуфтаи шоҳидони айнӣ садои партоби  10 тир шунида шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ дар натиҷаи ин ҳодиса 6 тан захмӣ шуданд.

Яке аз шоҳидони айни, ки фурушандаи маркази саво дар маҳдудаи истгоҳи метро аст гуфт, ки полиси Маскав дар тамоми марокизи харид ҳуҷатҳои шаҳрвандонро баррасӣ мекунад.

мақомоти рус расман ҷузъиёти ин ҳодисаро эълом накардаан.

Таҳқиқот дар ин замина идома дорад.