Март 04, 2018 11:25 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси дубораи Шӯрои дифои рисолаҳои илмии докторӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон аз таъсиси дубораи Шӯрои дифои рисолаҳои илмии докторӣ дар Фарҳангистони маориф ва Донишгоҳи миллии ин кишвар дар риштаҳои тарбияти муаллим ва равишҳои омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва русӣ хабардоданд.

Ба гузориши сойти "Азия Плюс", хонум Ирина Каримова, раиси ин шӯро гуфтааст, ки пас аз вақфаи беш аз 2 сола , ки фаъолияти шӯрои қаблӣ аз сӯи Вазорати маориф ва улуми Русия қатъ шуда буд, инак бо мувофиқати ин вазорат фаъолияти он азсар гирифа мешавад.

Бар асоси тавофуқи Русия ва Тоҷикистон тамомии рисолаҳои докторие, ки дар Душанбе дифо мешаванд, бояд ба таъйиди Комиссияи олии арзёбии рисолаҳои илмии Русия бирасанд, то ин мадорик дар ҳар ду кишвар дорои эътибор бошанд. Қаблан низ комиссияи ёдшуда, дифои рисолаҳои доктории дар доншгоҳҳои Тоҷикистон ба ғайр аз Донишгоҳи муштараки славянии ду кишвар дар Душанберо мамнуъ карда буд. Зеро Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия дар соли 2016 аз зиёд будани мавориди дифои рисолаҳои докторӣ дар Тоҷикистон ба шиддат интиқод кард. Вай гуфта буд, ки бояд мавзӯи дифои 80 рисолаи докторӣ дар Тоҷикистон тайи соли 2015 мавриди арзёбии ҷиддӣ қарор гирад, ки ин пажӯҳишҳо то чӣ андоза воқеӣ мебошанд.

Раиси Шӯрои дифои рисолаҳои илмии докторӣ дар Фарҳангистони маориф ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гуфтааст, ки акнун 22 нафар аз донишмандон узви ин шӯро мебошанд ва талош мешавад, ки рисолаҳои докторӣ аз сатҳи матлуб бархӯрдор гарданд.