Август 28, 2016 09:01 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси бахши аввали қарзи Сандуқи Авруосиё барои Тоҷикистон

Сандуқи тавсеа ва суботи Авруосиё барои ҳимояти молӣ аз буҷаи давлатии Тоҷикистон нахустин бахши қарзи худро ба маблағи 20 миллион доллар ба ин кишвар ихтисос дод.

Ба гузориши хабаргузории "Азиа плюс", бахши равобити умумии Сандуқи тавсеа ва суботи Авруосиё  эълом кардааст, ки нахустин бахш аз қарзи 40-миллиондолларии ин ниҳод ба Тоҷикистон ба мизони 20 миллион доллар дар ихтиёри ин кишвар қарор гирифтааст.

Дмитрий Панкин, раиси Шӯрои мудирони Бонки тавсеа ва суботи Авруосиё дар ҳошияи ҳамоиши байналамилалии иқтисодӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия гуфта буд, ин маблағ дар қолаби ду қарзи 20-миллиондолларӣ дар ду марҳала ба Ҳукумати Тоҷикистон пардохт мешавад, то дар шароити идомаи буҳрони молӣ аз ин кӯмак барои ҳифзи суботи буҷааш истифода кунад. Ӯ таъкид кард буд, дар бораи шароиту замони бозпардохти ин қарзи молӣ дар ҷараёни дидори ояндаи худ аз Тоҷикистон дар авоили моҳи сентябри оянда бо мақомоти иқтисодии ин кишвар гуфтугӯ хоҳад кард.

Раиси Шӯрои мудирони Бонки тавсеа ва суботи Авруосиё шаффофияти бештар дар бораи мизони пардохтҳои молӣ ва пиёда кардани тасҳилоти гумрукиро аз сӯйи Ҳукумати Тоҷикистон барои ширкатҳои кишварҳои узви Сандуқи тавсеа ва суботи Авруосиё  хостор шудааст. Ӯ гуфтааст, дар фаъолияти ниҳодҳои бонкии Тоҷикистон мушкилоти зиёде вуҷуд дорад, ки монеи пешрафти ин кишвар мешаванд. Яке аз ин мушкилот додани имконоти зиёд ба баъзе аз гурӯҳҳои хос дар бахши хусусӣ ҷиҳати пардохти андоз аст, ки дар амал ҳеҷ нафъе барои рушди иқтисоди Тоҷикистон надорад. Ҳамчунин ин нигаронӣ вуҷуд дорад, ки ба далели камбуди манобеи молӣ иҷрои тааҳҳудоти молии бонкҳо аз ҳисоби буҷаи давлат таъмин мешавад, ки ин мавзӯъ метавонад мӯҷиби касри манобеи молӣ гардад.