Март 05, 2018 10:32 Asia/Dushanbe
  • Сади 335 метрии неругоҳи барқӣ обии Роғун мунҳасир ба фард хоҳад буд

Сади 335 метрии хокии неругоҳи барқӣ обии дар дасти сохти Роғун дар Тоҷикистон бурзургтарин тарҳи неругоҳ дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки аз тавони захирасозии беш аз 73 миллион километр/мукааб об, бархӯрдор хоҳад буд.

Ба гузориши сойти “Азия Плюс”, қарор аст, дар марҳалаи аввал 135 метр аз ин сад баррӯи рӯдхонаи Вахш сохта шавад, ки заминаи фаъолияти ду турбини нахусти неругоҳи барқӣ обии Роғунро фароҳам меоварад ва дар иртифои 1 ҳазору 110 метр аз сатҳи дарё воқеъ хоҳад шуд.

Дар марҳалаи баъдӣ иртифои сади неругоҳи барқӣ обии Роғун ба 335 метр расонида мешавад, ки заминаи фаъолияти 6 турбинаи ин неругоҳро фароҳам месозад. Бар асоси эъломи ширкати итолиёии “Salini Impregilo S. P. A”, дар моҳи ноябри имсол нахустин турбинаи неругоҳи барқӣ обии Роғун ба баҳрабардорӣ хоҳад расид. Давлати Тоҷикистон дар тобистони соли 2016 бо эъломи натоиҷи муноқисаи байналмилалии сохти неругоҳи барқӣ обии Роғун, такмили сохт ин неругоҳро ба ширкати итолиёии “Salini Impregilo S. P. A” вогузар кард.

Сохти неругоҳи барқӣ обии Роғун дар110 километрии шарқи шаҳри Душанбе ва рӯи рӯдхонаи Вахш дар аввалҳои даҳаи 1970 милодӣ барномарезӣ шуд, аммо ба далели ҷанги дохилӣ ва мухолифатҳои Узбакистон ҳанӯз такмил нашудааст. Неругоҳи Роғун бо сади хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлид 17 миллиард киловатт соат/барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обӣ дар минтақа ба ҳисоб меояд.