Март 05, 2018 12:25 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти сохти корхонаи  алюминии ҷадид дар Тоҷикистон

Ахиран расонаҳои Тоҷикистон ахбори марбут ба сохти як корхонаи алюминии муштараки Тоҷикистон ва Чинро мунташир карданд.

Бахш иттилоот ва равобит умумии Корхонаи алюминии тоҷик (ТАЛКО), дар гузорише иттилооти тавзеҳиро дар мавриди сохти корхонаи алюминии ҷадид дар Тоҷикистон мунташир кардааст.

Сохту сози корхонаи муштараки алюминии Тоҷикистон ва Чин бо сарфи 1.6 миллиард доллар барномарезӣ шудааст.

Зарфияти тавлиди ин корхонаи ҷадиди алюминиӣ 503 ҳазор тон алюминии аввалия дар сол хоҳад буд.

Ширкати ТАЛКО аз ҷумла тавзеҳ дод, ки сохти корхонаи муштараки алюминии Тоҷикистон ва Чин як проекти ҷудогона аст, ки бахше аз проектҳои сармоягузории ин ширкат ба ҳисоб меояд.

Ин гузориш меафзояд, корхонаи ҷадиди алюминӣ дар Тоҷикистон болотарин илзомоти эминии зист муҳитиро иҷро хоҳад кард ва дар тавлиди алюминий аз охирин фанноварии модерн истифода мешавад, ки масрафи энержиро тақрибан ба нисф хоҳад расонд.

Бар асоси ин гузориш, ҳудуд ду сол пас аз роҳандозии корхонаи муштараки ҷадиди алюминии Тоҷикистон ва Чин, ТАЛКО фаъолияти худро дар қолаби феълӣ мутаваққиф хоҳад кард.

Гуфтанист танҳо Корхонаи алюминии Тоҷикистон, ки дар даврони Шӯравӣ бо зарфияти тавлиди солиёна 500 ҳазор тон маҳсулот сохта шуд ва беш аз 20 ҳазор коргар дар он машғул буданд, дар ҳафт соли ахир ба далоили мухталиф ҳамасола тавлиди алюминиро коҳиш додааст.