Равшани Ёрмуҳаммад ба хок супурда шуд
Ҷанозаи Равшани Ёрмуҳаммад, адиби шинохтаи тоҷик дар оромгоҳи деҳаи Истиқлоли ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супурда шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷанозаи Равшани Ёрмуҳаммад, адиби шинохтаи тоҷикро дар оромгоҳи деҳаи Истиқлоли ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ба хок супурданд.
Равшани Ёрмуҳаммад, ки баъди ба 28 соли зиндон маҳкум шудани писараш адвокати маъруф Бузургмеҳр Ёров ва ба Аврупо паноҳанда шудани писару духтараш Ҷамшед ва Хосият Ёроваҳо ба рӯзҳои сахте гирифтор шуда, дар манзилаш дар шаҳри Душанбе асосан дар танҳоӣ зиндагӣ мекард, нимаи дуюми рӯзи 4 март дар манзилаш дар синни 79 даргузашт.
Равшани Ёрмуҳаммад 1991 сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон» таъин шуда, солҳои 1998-2003 ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.
Равшани Ёрмуҳаммад муаллифи беш аз 40 асар, аз ҷумла романҳои «Ишқи Рӯдакӣ», «Бармакиён» ва «Хоҷа Низомулмулк» мебошад. Соли 2001 барои қиссаи «Гӯрков» барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ шуда буд.
Муаллифи китобҳои «Гӯрков», «Асҳоби Каҳф ва Рӯҳ», «Дардҳо ва ашкҳо», романи «Бармакиён», қиссаҳои «Тӯфони Нӯҳ», «Хоб ва бедорӣ», «Ишқи Рӯдакӣ» ва ғ. мебошад.
Бузургмеҳр Ёров – писари Равшани Ёрмуҳаммад ва адвокати шинохта моҳи сентябри соли 2015 дар пайи ба дӯш гирифтани ҳимояти аъзои ҲНИТ дастгир ва дар се мурофиаи додгоҳӣ дар маҷмӯъ ба 28 соли зиндон маҳкум шуд. Писари дуюми ӯ Ҷамшед Ёров, ки низ вакили мудофеъ буд, дар тобистони соли 2016 боздошт ва баъди 40 рӯз бар асоси қонуни афв озод шуд.
Ҷамшед Ёров ва Хосият Ёрова – духтари Равшани Ёрмуҳаммад баъди маҳкум ба зиндон шудани бародарашон Бузургмеҳр Ёров ба Аврупо паноҳанда шуданд.