Март 06, 2018 11:59 Asia/Dushanbe
  • Қарзи Тоҷикистон аз 50 дарсади тавлиди нохолиси миллӣ бештар шуд

Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки қарзи ҳукумат баробар бо 51.4 дарсад аз тавлиди нохолиси миллӣ аст.

Ба нақл аз Азия-Плюс, вазорат эълом карда, қарзи ҳукумат се миллиарду 670 миллион доллар аст, ки аз ин мизон ду миллиарду 900 миллион доллар қарзи хориҷӣ ва 770 миллион доллар қарзҳои дохилӣ аст.

Мизони умумии қарзи хориҷии ҳукумат баробар бо 40.3 дарсад ва қарзи дохилии он муодили 11.1 дарсад аз тавлиди нохолиси миллӣ аст.

Афзоиши қарзи ҳукумат ба дарёфти қарз аз Чин барои иҷро кардани тарҳҳои зербиноӣ дар дохили Тоҷикистон ва фурӯши саҳоми молии нерӯгоҳи Роғун дар хориҷ ба маблағи 500 миллион доллар иртибот дорад.

Тоҷикистон ба Бонки содирот ва воридоти Чин як миллиарду 200 миллион доллар қарздор аст.  

Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ 318 миллион доллар, ба Бонки рушди Осиё 238 миллион доллар ва ба Бонк рушди исломӣ ва Сандуқи байналмилалии пул ҳам 235 миллион доллар қарздор аст.  

Соли 2017 барои бозпардохти қарзи хориҷии ҳукумат 147 миллион доллар ҳазина шудааст.