Истеъфои бародари Гулмурод Ҳалимов аз идораи зиндонҳо
Мақомоти вазорати адлияи Тоҷикистон истеъфои подполковник Саидмурод Ҳалимов, корманди идораи маҳбасҳои Тоҷикистон ва бародари Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷикро қабул кардаанд.
Ба нақл аз Ахбор, подполковник Саидмурод Ҳалимов дар поёни соли 2017 аз кор дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия канор рафтааст.
Саидмурод Ҳалимов дар муддати беш аз 20 сол ҳамчун нозири Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия кор мекард. Моҳи майи соли 2015 пас аз пайвастани Гулмурод Ҳалимов ба сафи ДИИШ Саидмурод Ҳалимов аризаи истеъфо навишта буд, вале раҳбарияти Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ онро қабул накард.
Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон охири моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон ғайб зада, моҳи май дар як навори видеоӣ эълон кард, ки ба гурӯҳи ДИИШ пайваста аст.
Бо вуҷуди иттилои зиддунақиз дар бораи гӯё кушта шудани ӯ дар бомбаборони нирӯҳои Русия дар Сурия тирамоҳи соли 2017, ҳанӯз на мақомоти тоҷик ва на дигар кишварҳо ин хабарро тасдиқ ё рад намекунанд.