Кумаки бебозгашти 31 миллионевроии Олмон ба Тоҷикистон
(last modified Wed, 07 Mar 2018 07:03:25 GMT )
Март 07, 2018 12:03 Asia/Dushanbe
  • Кумаки бебозгашти 31 миллионевроии Олмон ба Тоҷикистон

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи ҳамкориҳои молӣ ва фаннӣ бо Олмонро ба тасвиб расонд, ки тайи он Берлин мутааҳҳид шудааст, маблағи беш аз 31 миллион евро кумаки бебозгаштро барои тарҳҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба Тоҷикистон ихтисос диҳад.

Ба гузориши дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Неъматуллоҳ Ҳикматуллоҳзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳангоми ироаи ин созишнома ба парлумон гуфтааст, ин кумаки молӣ барои тарҳҳои беҳдоштӣ, энержӣ ва кишоварзӣ сарф хоҳад шуд.

Вай таъкид кардааст, ин созишнома пас аз тасвиб дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ба муддати ду сол амалӣ хоҳад шуд.

 Бахше аз ин пул барои пешгирӣ аз бемории сил дар Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Ҳамчунин ҳафт миллион евро аз ин кумаки молии бебозгашт барои бозсозии нерӯгоҳи обии хурд дар ноҳияи Мурғоб, дар вилояти Бадахшон сарф мешавад, ки зарфияти тавлиди барқи онро ба як миллиону 500 киловатт соат дар сол хоҳад расонд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи ҳамкориҳои молӣ ва фаннӣ бо Олмонро барои дарёфти кумаки молии бебозгашти 31 миллионевроӣ тасвиб кард.