Баргузории ҷашнвора – озмуни “Кулчақанд - лаззатбахши суфраи мо” дар Душанбе
Ҷашнвора – озмуни “Кулчақанд - лаззатбахши суфраи мо” имрӯз (чаҳоршанбе) дар майдони маркази тиҷории “Ёвар”-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Бар асоси гузориши Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ин ҷашнвора аз сӯйи ин вазоратхона ва бо ҳамкории Вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва низ чанд вазоратхона ва кумита баргузор мешавад.
Ҳадаф аз баргузории ин ҷашнвора-озмун ҳам таҷлил аз фарҳанги миллӣ ва эҳёи маҳсулот ва тавлидоти нон ва қаннодӣ дар ин кишвар ва низ бо истифода аз маводи аввалияи дохилӣ эълом шудааст.
Дар ин ҷашнвора мароҳили омодасозии анвои нон ва кулчаҳои хурд ва бузург, кулчақанд, фатир (навъе нони тоҷикӣ), ҳалвои сурху сафед, суманак ва ...дар маърази диди ҳозирон қарор мегирад.