Ҳукми зиндон барои 10 мақоми низомии тоҷик
(last modified 2016-07-18T13:04:06+00:00 )
Июл 18, 2016 18:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми зиндон барои 10 мақоми низомии тоҷик

10 мақоми низомии тоҷик дар иртибот ба ҳаводиси хунини моҳи сентябрӣ соли 2015 дар Душанбе маҳкум ба зиндон шудаанд. Шермуҳаммади Шоҳиён-раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 18 июл дар нишасти хабарии ин ниҳод бо эъломи ин хабар афзуд, дар миёни ин 10 нафар якеаш мақоми аршади низомӣ буда бақия дар раддаҳои поёнӣ иҷрои вазифа доштаанд. Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳамчунин таъкид кард, ки баррасии парвандаҳои марбут ба ошӯби генерал Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) дар ҳоли итмом аст.

Шермуҳаммади Шоҳиён дар идома ворид кардани тағйирот ба қонуни ҷиноии Тоҷикистон барои муҳокима ва эъломи ҳукми мутаҳҳамон дар додгоҳро, ки бархе коршиносон барои саркуби мухолифон арзёбӣ карда буданд, рад карда афзуд: мо баъд аз имзои созишномаи сулҳ дигар истилоҳи мухолиф надорем, балкӣ бо такя ба таҷрибаи дигар кишварҳо ва тибқи талаботи қонуни ҷадид имкони муҳокимаи афроде, ки ба хориҷ фирор кардаанд, фароҳам шудааст:

Шермуҳаммади Шоҳиён бо ишора ба афзоиши парвандаҳои ҷиноӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ гуфт, ки баррасиҳо нишон медиҳад, ки иллати зиёд шудани парвандаҳои ҷиноӣ ба афзоиши ҷамъияти ин кишвар иртибот доштааст.

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон овозаҳо дар мавриди афви тиллоӣ ба муносибати 25-умин солгарди истиқлоли кишварро тайид накард ва гуфт, то кунун ҳеҷ пешниҳоде дар ин робита ба Додгоҳи олӣ расман ирсол нашудааст.