Март 08, 2018 12:02 Asia/Dushanbe
  • Форсии тоҷикӣ ба забонҳои ҷаҳонии Оксфорд изофа шуд

Интишоронти Оксфорд форсии тоҷикиро дар прожаи "Oxford Global Languages" изофа кард.

Ба гузориши сомонаи Азия-Плюс, форсии тоҷикӣ дар ин прожа аввалин забони Осиёи миёна аст.

Фарҳанги луғати онлайн дар вебсайти прожаи OGL ба корбарон имкон медиҳад калимаҳои ангилисиро ба форсии тоҷикӣ тарҷума кунанд.

Прожаи забонҳои ҷаҳони Оксфорд дар сентябри 2015 оғоз ба кор кард ва дар ҳамон сол 10 забони аввал ба фарҳанги луғати онлайни OGL изофа шуд.

Дар солҳои баъд низ ин прожа бо ворид кардани бисёре аз забонҳои дигари ҷаҳон такмил шуд.

Ҳадаф аз ин прожа эҷоди як дикшенерӣ ва вожаёби онлайн ҳамзамон барои ҳудуди 100 забони ҷаҳон аст.

Дар фарҳанги луғати онлайни англисӣ-тоҷикии прожаи OGL, асосан аз китоби вожаномаи англисӣ-тоҷикии Абдуссалом Муҳаммадназаров, ки шомили беш аз 100 ҳазор калима ва иборат аст истифода шудааст.

Устод Абдлуссалом Муҳаммадназаров нависандаи осор ва мақолаҳои гуногун ва мутарҷими чандин китоб аз забони англисӣ ба форсии тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба англисӣ аст.