Мирзиёев: Мушорикати роҳбурдии Узбакистону Тоҷикистон тавсеа меёбад
Раисҷумҳури Узбакистон гуфт, Тошканд ба таври мудовим равобити худ бо Душанберо дар тамоми соҳаҳо тавсеа хоҳад дод.
Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, Шавкат Мирзиёев дар дидор бо раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, равобити Душанбе ва Тошканд дар ояндаи наздик то сатҳи мушорикати стратегӣ афзоиш хоҳанд ёфт. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ дар ин дидор гуфт, Душанбе ба таври ҳамаҷониба аз ибтикороти Тошканд дар заминаи тавсеаи ҳамкориҳои минтақаӣ ҳимоят хоҳад кард.
Дар музокироти хусусии раисҷумҳурҳои Тоҷикистону Узбакистон дар Қасри Миллат масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бахусус масоили сиёсӣ, тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, молӣ, ҳамлу нақл ва иртиботот, гардишгарӣ, фарҳангӣ, башардӯстона, байниминтақаӣ ва байналмилалӣ аз мавзӯъҳои матраҳ дар дидори ин ду раисҷумҳур буд. Дар поёни ин музокирот баёнияи муштараки раисҷумҳурҳо, тавофуқ бар сари мавзӯоти марзӣ ва лағви режими раводид миёни ду кишвар ба имзо расид. Дар маҷмӯъ, ду кишвар 27 санади ҳамкорӣ ба ҳаҷми беш аз 140 миллион доллар ба имзо расонданд.
Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон, ки субҳи имрӯз вориди Тоҷикистон шуд, дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мавриди истиқболи гарми Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар қарор гирифт.