Имзои қарордоди 140-миллиондолларӣ - дастоварди сафари Мирзиёев ба Душанбе
(last modified Fri, 09 Mar 2018 13:39:29 GMT )
Март 09, 2018 18:39 Asia/Dushanbe
  • Имзои қарордоди 140-миллиондолларӣ - дастоварди сафари Мирзиёев ба Душанбе

Дар поёни нахустин сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон Душанбе ва Тошканд тавофуқоти густурдае дар арсаҳои мухталифи иқтисодӣ ба имзо расонданд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс” дар Душанбе, дар поёни ин сафар 27 санади ҳамкорӣ дар арсаҳои мухталиф ба имзо расид. Сафари бидуни визои шаҳрвандони ду кишвар ба муддати як моҳ аз ҷумлаи муҳимтарин асноде ба шумор меравад, ки дар ҷараёни ин сафар ба имзо расид. Тарафайн ҳамчунин тавофуқнома дар заминаи таъйин ва аломатгузории марзҳои давлатӣ миёни Тоҷикистону Узбакистонро ба имзо расонанд, ки ба масоили баҳсбарангези марзии ду кишвар поён хоҳанд дод. Ироаи қарзи 100-миллиондолларии Узбакистон ҷиҳати тавсеаи равобити сохторҳои тиҷории ду кишвар аз дигар тавофуқоти муҳими ин сафар ба шумор меравад. Тавофуқот дар арсаҳои ҳамлу нақл, иртиботот, сармоягузории сохтмони мактаб ва як бемористон дар манотиқи Тоҷикистон аз дигар аснодест, ки тайи ин сафари раисҷумҳури Узбакистон ба имзо расид.

Имрӯз бо ҳузури раисҷумҳурҳои ду кишвар маросими ифтитоҳияи намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбакистон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе ҳамоиши маҳофили касбу кори ду кишвар бо ҳузури намояндагони барҷастаи тиҷории Тоҷикистону Узбакистон баргузор шуда буд. Дар поёни ҳамоиши тиҷорӣ ва намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Узбакистон дар шаҳри Душанбе имзои тавофуқот ба ҳаҷми беш аз 140 миллион доллар дар арсаҳои мухталифи иқтисодӣ барномарезӣ шудааст. 

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон имрӯз нахустин сафари расмии баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии кишвараш бо даъвати ҳамтои тоҷикии худ вориди шаҳри Душанбе шуд. Ӯ дар Фурудгоҳи байналамилалии шаҳри Душанбе мавриди истиқболи гарми Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қарор гирифт.