Март 09, 2018 18:53 Asia/Dushanbe
  • Содироти барқи изофии Тоҷикистон ба Узбакистону Афғонистон

Тоҷикистон барномарезӣ мекунад, дар соли ҷорӣ содироти энержии барқ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон ва Узбакистонро афзоиш диҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бахши матбуотии Вазорати энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон эълом кард, мутахассисини барқи Тоҷикистон дар тобистони соли 2018 миқдори ҷараёни изофаи об аз махзанҳои нерӯгоҳҳои барқи обиро коҳиш медиҳанд.

Ҷараёни изофаи об солона аз махзани нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон муодили шаш миллиард киловатт/соат барқ аст. Дар соли гузашта миқдори ҷараёни изофаи об ба беш аз 10 миллиард метри мукааб расидааст.

Бар асоси ин гузориш, афзоиши мизони содироти энержии барқ дар соли ҷорӣ имкони коҳиши миқдори ҷараёни изофаи об аз махзани об «Норак»-ро фароҳам мекунад. Намояндаи бахши матбуотии Вазорати энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон изҳор дошт, дар назар аст, пас аз имзои асноди марбута байни ширкатҳои энержии ду кишвар дар чаҳорчӯби сафари раисҷумҳури Узбакистон дар рӯзҳои 9-10-уми март ба Душанбе содироти энержии барқ ба Узбакистон оғоз шавад. Пештар ширкати «Барқи тоҷик» эълом карда буд, бо Узбакистон дар мавриди содироти энержии барқи Тоҷикистон ба миқдори як миллиарду 500 миллион киловатт/соат гуфтугӯ шудааст.

Бахши матбуотии Вазорати энержӣ ва манобеи оби Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард, дар назар аст, имсол ба Афғонистон ҳам ба миқдори як миллиарду 500 миллион киловатт/соат барқ содир шавад. Ин миқдор нисбат ба соли 2017 200 миллион киловатт/соат барқ бештар аст. Ҳамчунин байни Тоҷикистону Қирғизистон режими табодулоти энержӣ дар тобистону замистон вуҷуд дорад.