Истиқболи коршиносони тоҷик аз натиҷаҳои сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон
(last modified Sat, 10 Mar 2018 06:19:46 GMT )
Март 10, 2018 11:19 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи коршиносони тоҷик аз натиҷаҳои сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон

Бештари коршиносони тоҷик нахустин сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон ба Тоҷикистонро оғози фасли тозае дар равобити ин ду кишвар унвон кардаанд.

Ба гузориши сайти “Топ Тҷ”, аз дидгоҳи коршиносони тоҷик имзои 27 санади ҳамкории бахшҳои мухталиф ва лағви раводиди сафари шаҳрвандони ду кишвар ба муддати як моҳ баёнгари азми ҷиддии мақомоти ин ду ҷумҳурии ҳамсоя барои беҳбуд ва тақвияти муносиботи дуҷониба аст.

Ҳамчунин тавофуқ дар заминаи таъйин ва аломатгузории марзҳои муштарак ва ироаи маблағи 100 миллиондолларии Ӯзбакистон барои рушди тиҷорат миёни Душанбе ва Тошканд, тасмими қотеи ду кишварро барои идомаи ҳамкориҳо мерасонад.

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик муътақид аст, тамоми мардуми Тоҷикистон аз беҳбуди равобити ин кишвар бо Ӯзбакистон истиқбол мекунанд.

Ба гуфтаи вай, ин рӯйдод тайи 18 соли ахир бесобиқа будааст ва на танҳо барои Душанбе ва Тошканд, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ аз аҳамияти зиёде бархурдор аст.

Раҳматуллоҳ Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон тавофуқ бар сари сафари 30 -рӯзаи бидуни раводиди шаҳрвандони ду кишварро орзуи деринаи мардуми Тоҷикистон ва Ӯзбакистон медонад, ки бо якдигар пайвандҳои қавии фарҳангӣ, забонӣ ва динӣ доранд.

Таъкиди Шавкат Мирзиёев бар ҳимоят аз тарҳи нерӯгоҳи обии “Роғун” дар Тоҷикистон, ки Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии пешини Ӯзбакистон ҳамвора бо ин тарҳ мухолифат мекард, баёнгари тағйири мавзеи Тошканд дар масоили обу энержӣ дар минтақа ва ба нафъи мардуми Осиёи Марказӣ аст.

Рашид Ғанӣ Абдуллоҳ, таҳлилгари тоҷик низ гуфтааст, манофеи Ӯзбакистон, ки дар даврони Шӯравӣ худ ташаббускори сохти нерӯгоҳи обии “Роғун” дар Тоҷикистон буд, дар замони раёсати ҷумҳурии Шавкат Мирзиёев ба самти ҳамгароии минтақаӣ тағйир кардааст, ки комилан мантиқӣ ва дурандешона аст.

Зеро сохти ин нерӯгоҳ барои таъмини обу барқи мавриди ниёзи Ӯзбакистон аз аҳамияти зиёде бархурдор аст ва заминаи коҳиши ихтилофоти қаблӣ миёни кишварҳои дорои захираҳои об ва масрафкунандагони поёноби ин манбаи ҳаётиро фароҳам месозад.