Март 10, 2018 11:49 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати сӯхти ҳавопаймо дар Тоҷикистон дар соли рушди гардишгарӣ

Ширкати воҳиди сӯхтрасон дар фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон қимати сӯхти ҳавопайморо 30 дарсад афзоиш додааст, ки ин амр рӯйи билетҳо ва сафари гардишгарони хориҷӣ таъсир хоҳад гузошт.

Ба гузориши сайти “Азия плюс”, агар қаблан қимати як тон сӯхти ҳавопаймо як ҳазору 120 доллар будааст, бо ин афзоиш акнун ба як ҳазору 465 доллар расидааст.

Ин дар ҳолест, ки қимати билети ду ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” ва “Сомон – Эйр” дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар аст ва гарон шудани сӯхт боиси афзоиши қимати билетҳо низ хоҳад шуд.

Қимати билет дар масири Душанбе ба Маскав 280 доллар аст, ки аз Бишкек ба Маскав метавон бо пардохти 110 доллар билет харид.

Ҳамчунин аз Душанбе ба Истанбул метавон бо пардохти 400 доллар билет таҳия кард, ки ин қимат дар Бишкек 238 доллар аст.

Аз сӯйи дигар, як масъули ширкати воҳиди сӯхтрасон дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон бидуни зикри ном гуфтааст, дар ҳоли ҳозир қарзи ду ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” ва “Сомон – Эйр” бобати пардохт накардани пули сӯзишворӣ ба беш аз 171 миллион сомонӣ расидааст.

Ба гуфтаи вай, ин амр хариди сӯхт аз Русия ва Туркманистонро бо мушкил рӯбарӯ мекунад.

Аз сӯйи дигар, ин масъули ширкати воҳиди сӯхтрасони Тоҷикистон таъкид мекунад, акнун ворид кардани бензини ҳавопаймо аз хориҷ танҳо бо пешпардохт имконпазир аст, аммо қарзи ду ширкати “Тоҷик-Эйр” ва “Сомон – Эйр” имкон ва маҷоли ин муомиларо намедиҳад.

Ба далели камбуди сӯхт дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон, ҳавопаймоҳои ду ширкати “Тоҷик-Эйр” ва “Сомон – Эйр” маҷбур мешаванд барои идомаи парвоз дар масир, дар шаҳрҳои кишварҳои хориҷӣ сӯхтгирӣ кунанд, ки замони интиқоли мусофирон ба мақсадро тӯлонитар мекунад.

Аз ин рӯ, коршиносон муътақиданд, афзоиши қимати билети ҳавопаймо ба дунболи боло рафтани нархи сӯхт дар фурӯдгоҳҳои Тоҷикистон дар соли ҷорӣ, ки соли рушди гардишгарӣ эълом шудааст, боиси коҳиши сафари хориҷиҳо ба ин кишвар мешавад.