Ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Узбакистон дар Душанбе
Намоишгоҳи маҳсулоти санъатии Узбакистон дар Душанбе бо ҳузури раисони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Узбакистон ифтитоҳ шуд.
Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти беш аз 100 корхонаи ӯзбекистонӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
Асосан ширкатҳои ҷумҳурии Узбакистон 60 намуди техника, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои соҳаи электротехникӣ, кимиё ва нуриҳои минералӣ, фарматсевтӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, чарм, мебел, полиграфӣ, молҳои саноатӣ ва электротехникии маиширо ба маъраз гузоштанд.
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба ширкаткунандагони ин намоишгоҳ, машваратҳое дар заминаи эҷоди корхонаҳои муштараки санъатӣ, содирот ва воридоти маҳсулот бо ҳадафи афзоиши мубодила тиҷорӣ, миёни Тоҷикистон ва Узбакистон ироа карданд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев баргузории чунин намоишгоҳҳоро омили муҳими дарёфти шарикони нав ва густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ арзёбӣ карданд.
Баъд аз ширкат дар маросими ифтитоҳияи Намоишгоҳи молу маҳсулот раисониҷумҳурии ду кишвар бо фишурдани тукмаи рамзӣ, фаъолияти роҳи оҳани байналмилалии «Ғалаба-Амузанг»-ро оғоз карданд.
Ин хатти роҳи оҳан вилояти Сурхандарёи Узбакистонро ба вилояти Хатлони Тоҷикистон пайваст мекунад.